Сармоягузорони араб ба кадом самтҳо таваҷҷуҳи бештар доранд?
ДУШАНБЕ, 16.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тавре иттилоъ додем, 15 март як гурӯҳ соҳибкорони ширкати тиҷоратии «Al-bassami Group of Сompanies» аз Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд.
Дар ин рӯз Абдуллоҳ Муҳаммад Ал Бассомӣ, намояндаи палатаи савдои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷидда, Раиси ширкати тиҷоратии «Al-bassami Group of Сompanies» бо Неъматулло Ҳикматуллозода, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Файзиддин Қаҳҳорзода, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шариф Саид, Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толорҳои мулоқоти онҳо вохӯрӣ намуд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ Неъматулло Ҳикматуллозода таваҷҷуҳи соҳибкоронро барои сармоягузорӣ дар соҳаҳои бонкдорӣ, сайёҳӣ, сохтмон, истихроҷи газу маъдан ва содироти меваи хушк, ки мехоҳанд дар ин соҳаҳо сармоягузорӣ кунанд, ҷалб намуда, гуфт: «Имрӯз бозорҳои кишварҳои ба мо дӯсту ҳамсоя, аз қабили Федератсияи Россия, Қазоқистон ва Қирғизистон ба фурӯшгоҳи маъмулии маҳсулоти хӯрокию пӯшокӣ ва меваҷоту сабзавоти Тоҷикистон табдил ёфтаанд. Аз ин рӯ ҳамкории дуҷонибаи мо имконият медиҳад, ки гардиши мол дар байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ густариш ёбад».
«Аз сабаби он, ки зиёда аз 90% масоҳати умумии Ҷумҳурии Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил дода, дар он чашмаҳо, дарёҳо ва кӯлҳои зиёд мавҷуданд, сол то сол ташрифи сайёҳон ба ин кишвар меафзояд. Аз ин хотир мо омодаем аз рӯи соҳаи мазкур, ки шумо ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудед, дар доираи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ намоем»,-зикр кард Неъматуллло Ҳикматуллозода.
Абдуллоҳ Муҳаммад Ал Бассомӣ иброз дошт, ки «аз рӯи он маълумоте, ки шумо зикр кардед, ман гуфта метавонам ва омодаам, ки дар самти сайёҳӣ ҳамкориро ба роҳ монем. Мо бо кишварҳои зиёд, ба монанди Украина, Миср ва Судон ҳамкорӣ дорем ва мехоҳам ин ҳамкориро дар ин самт бо Тоҷикистон низ ба роҳ монда, барои ташвиқу тарғиб ва гутариш додани соҳаи сайёҳии он мусоидат намоем».
Пас аз ин Абдуллоҳ Муҳаммад Ал Бассомӣ бо Файзиддин Қаҳҳорзода мулоқот намуд. Зимни мулоқот ҷонибҳо аз ҳамкории мавҷуда байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ёдовар шуда, оид ба ҷалби бештари сармоягузорӣ ва ҳамкории минбаъда суҳбат намуданд.
«Аз сабаби он, ки яке масъалаҳои дар маркази диққати шумо қарордошта- ин сармоягузорӣ дар самти рушди сайёҳӣ мебошад, ман гуфта метавонам, ки дар тамоми минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намудани ширкатҳои сайёҳӣ аз имкон берун нест ва итминон дорам, ки ташкил намудани чунин ширкатҳо ба манфиати кор хоҳад буд»,-зикр кард Файзиддин Қаҳҳорзода ва дар мавриди ташкил намудани ширкати сохтмонӣ гуфт: «Дар кишвари мо барои ташкили ширкатҳои сохтмонӣ ягон намуди маҳдудият вуҷуд надорад. Яъне бозори хизматрасонии сохтмони иншоотҳо озод аст. Тамоми имтиёзҳо ба ширкатҳои хориҷӣ ва ватанӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд. Ширкат хоҳ муштарак бошад, хоҳ хориҷӣ аз бисёр имтиёзҳо бархурдор мешавад».
Дар ҷараёни мулоқот Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати сармоягузоронро ба бунёди корхонаҳои саноатӣ, коркарди сангҳои қиматбаҳо, маъданҳо, пахта, истеҳсоли матоъ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ҷалб намуда, зикр кард, ки мо ҳамеша дар ин самтҳо барои ҳамкорӣ омодаем.
Абдуллоҳ Муҳаммад Ал Бассомӣ бо итминон ба Файзиддин Қаҳҳорзода иброз дошт, ки: «агар пас аз таъйин шудани шумо ба вазифи Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин сармоягузори арабе, ки шумо бо ӯ мулоқот намуда бошед, ман бошам, бовар дорам, ки аввалин сармоягузори арабе, ки бо ӯ ҳамкорӣ мекунед, низ ман хоҳам буд»
Бегоҳии рӯз Абдуллоҳ Муҳаммад Ал Бассомӣ бо Шариф Саид, Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд.
Шариф Саид таваҷҷуҳи Абдуллоҳ Муҳаммад Ал Бассомиро ба сармоягузорӣ ба соҳаҳои коркарди нахи пахта, пилла, пашм, ва пӯсти ҳайвонот, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ашёи хоми коркарднашуда ба хориҷи кишвар содир мешаванд, ҷалб намуда, зикр кард, ки дар ҳолати дар ин самтҳо ҳамкорӣ намудан, аз коркард ва истеҳсоли ин ё он лавозимоти зарурӣ мардуми ҳарду ҷониб манфиати хуб ба даст хоҳанд овард.
Дар охир зикр гардид, ки ташкил намудани чунин мулоқотҳо ба фоидаи кор аст, аммо хубтар мешавад, ки ҳарчи зудтар ба амал гузарем.
Абдуллоҳ Муҳаммад Ал Бассомӣ аз роҳбарони вазорату идораҳои мазкур даъват ба амал овард, ки дар вақти мусоид барои худ ба Арабистони Саудӣ ташриф оварда, бо корхонаи Абдуллоҳ Муҳаммад Ал Бассомӣ аз наздик шинос шаванд.










Соли 2026 ҳолати мелиоративии беш аз 18 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ беҳтар гардонида мешавад
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Доир ба рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиё форуми байналмилалӣ баргузор мешавад
То соли 2030 беш аз 16 ҳазор гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешавад
Ҷалби ширкатҳои чинӣ барои татбиқи лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Муҳаммад Ҳасан Асадӣ бо фаъолият ва имконоти технологӣ ва инфрасохтории «Шаҳри ҳушманд» шинос шуд
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Ҳисор дар нимсолаи якуми соли 2026 сад фоиз иҷро шуд
Тоҷикистон ҳамкориро дар самти рақамикунонӣ бо Фонди Авруосиёии субот ва рушд таҳким мебахшад
Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Сангвор 854 субъекти соҳибкории инфиродӣ фаъолият менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон рақамикунонии бизнес-равандҳо оғоз гардид
ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти вилояти Хатлон панелҳои офтобӣ насб карда мешаванд






