Ширкатҳои дӯзандагии Тоҷикистон роҳҳои афзалиятноки фурӯши яклухтро меомӯзанд
ДУШАНБЕ,15.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ширкати маъруфи русии «Fashion Consulting Group» барои намояндагони ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон дар Душанбе давраи омӯзишии дурӯза оғоз менамояд. Давраи омӯзишӣ дар доираи лоиҳаи Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) гузаронида шуда, ҳадафаш баланд бардоштани дониши намояндагони ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон дар самти беҳтар намудани роҳҳои фурӯши яклухт аст.
Бояд тазаккур дод, ки лоиҳаи МТБ аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар доираи Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.
Интизор меравад, ки дар зарфи ду рӯз пешсафони бахши нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон доир ба роҳандозии фурӯши яклухт, мудирияти он, беҳтар гардонидан ва назорати он маълумот гирифта, ҳамчунин бо василаҳои ҳавасмандгардонии рушд ва пешбурди фурӯши яклухт ошно мегарданд.
Наталия Чиненова, коршинос ва тренери ширкати русии «Fashion Consulting Group» доир ба технологияҳои тиҷоратии фурӯши яклухт, гуфт: «давраи омӯзишӣ бахшҳои алоҳида оид ба роҳандозӣ ва мудирияти фурӯши яклухт баҳогузории самаранокии стратегияи ширкат дар мавриди фурӯши яклухт ва таҳлили ҷуғрофиёи бозорро фаро мегирад».
Мавсуф афзуд, ки иштирокдорони давраи омӯзишӣ, ҳамчунин пойгоҳи иттилоотӣ доир ба харидорони эҳтимолӣ ва муайян кардани нархгузориро меомӯзанд. Фурӯши яклухт бахши муҳими ба бозор баровардани маҳсулот буда, барои дастрасӣ ба муштарӣ василаҳои васеътар ва сареътарро фароҳам меорад ва ҷиҳати дарёфти фоидаи бештар ва зудтар мусоидат менамояд.








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






