«Суғдсинамо» давоми ду сол панҷ филмро ба навор гирифтааст
ХУҶАНД, 02.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. 1 март дар Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд нишасти хабарии Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» ба номи Комил Ёрматов бо иштироки васеи рӯзноманигорони ВАО-и вилоят доир гардид. Зимни нишаст роҳбарияти муассисаи «Суғдсинамо» доир ба фаъолияти дусолаи худ-шурӯъ аз 1 марти соли 2015 ҳисобот доданд.
Ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар», директори «Суғдсинамо» Муҳиддини Музаффар зимни нишаст гуфт, ки дар давоми ду сол аз ҷониби аҳли эҷоди ин киностудия панҷ филми ҳунарӣ ба навор гирифта шудаанд. Инҳо филмҳои «Паймон», «Коса», «12 соли интизорӣ», филмҳои ҳуҷҷатии «Духтари Сайҳун» ва «Тангно» ба ҳисоб мераванд. Аз ҷумла, филми «Коса» дар фестивалҳои байналмилалӣ дар шаҳрҳои Лондон, Қазони Россия ва шаҳри Душанбе иштирок намуда, соҳиби ҷоизаҳои хоса гардидааст.
Филми охирини ин киностудия- «Тангно» аз рӯи асари Нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон давоми 75 рӯз дар ҷамоати Амондараи шаҳри Панҷакент ба навор гирифта шудааст. Пас аз тадвину таҳия интизор меравад, ки он моҳи сентябри соли равон ба намоиш гузошта шавад.
Ба гуфти директори «Суғдсинамо», эҷоди фазои филмофарӣ дар вилояти Суғд дар замони соҳибистиқлолӣ бесобиқа ба ҳисоб рафта, он чун як соҳаи ояндадору даромаднок дар оянда рушд хоҳад кард. Зеро то имрӯз гурӯҳи эҷодии «Суғдсинамо» дар давоми ду соли фаъолият аллакай боварии тамошобинро ба даст оварда, ҳамзамон дар самти рушди кинои миллӣ дар вилоят қадамҳои нахустини устувор гузоштааст. Умед аст мактаби филмофарӣ ва ҳам тарбияи ҳунармандону бозингарони филм низ ташаккул ёбад.








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






