«Тоҷикистон ватани Наврӯз аст»-армуғони «Адиб» ба Наврӯзи хуҷастапай
ДУШАНБЕ, 17.03.2017/АМИТ «Ховар»/. «Тоҷикистон ватани Наврӯз аст»- чунин ном дорад китоби тозанашр, ки онро нашриёти «Адиб» ҳамчун армуғони баҳорӣ ба ҷашни ҷаҳонии Наврӯз эҳдо намудааст.
Гурез Сафар, директори нашриёти «Адиб» дар суҳбат ба хабарнигори «Ховар» гуфт, ки дар китоби «Тоҷикистон ватани Наврӯз аст» беҳтарин ва тозатарин ашъори шоирони муосир ва навқалами тоҷик, ки ба васфи баҳору Наврӯзи некқадам бахшида шудаанд, гирд оварда шудаанд. Дӯстдорони назм имкон доранд аз китоби «Тоҷикистон ватани Наврӯз аст» беҳтарин ашъори шоирони муосири шинохтаи тоҷик, назири Лоиқ, Гулрухсор, Гулназар, Муҳаммад Ғоибро хонанд. Шоирони тоҷик Низом Қосим ва Гурез Сафар аз мураттибони маҷмӯаи «Тоҷикистон ватани Наврӯз аст» буда, китоб бо теъдоди 1000 нусха нашр гардидааст.
Ҳамзамон нашриёти «Адиб» тасмим дорад, ки дар оянда ба ифтихори 20- солагии ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ маҷмӯаи дастаҷамъонаи шеърҳои шоирони муосири тоҷикро зери унвони «20 баҳори Ваҳдат» ва ба муносибати Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 китоби очерку мақолаҳоро бо номи «Ҷавонӣ, эй ҷавонӣ» дар таҳияи Гулназар рӯи чоп оварад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






