ВАЗИР: Соҳибкороне, ки аз оғози сол мошинҳои нав ворид намудаанд, аз имтиёз бархӯрдоранд
ДУШАНБЕ, 15.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон 15 март ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» илова ворид намуданд, ки тибқи он воридоти мошинҳои нав, ки соли бароришашон аз як сол нагузашта ва то 10 ҳазор км-ро тай намудаанд, ба андозаи 50 фоиз аз супоридани пардохтҳои гумрукӣ озод мегарданд.
Неъматулло Ҳикматуллозода, Вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар ин масъаларо дар Парлумони мамлакат тавзеҳ дода гуфт, ки ҳадафи ворид намудани илова ба қонуни Буҷети давлатии кишвар барои соли 2017 ба дастгирии бахши соҳибкорӣ ва нав кардани парки автомобилии кишвар равона гардидааст.
Ҳамзамон Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ афзуд, ки дар соли 2016 аз ҷониби соҳибкорон ба кишвар 229 мошини нав ворид карда шудааст. Аз ҳисоби воридоти мошинҳои нав ба кишвар камомади буҷет ба назар намерасад ва шумораи мошинҳои нав дар ҷумҳурӣ зиёд гардида, ин имтиёз ба манфиати соҳибкорон-воридкунандагони мошинҳо нав нигаронида шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки 50 фоиз коҳиш додани ҳаҷми пардохтҳои гумрукӣ ҷиҳтаи воридоти мошинҳои нав ба кишвар иқдоми наҷиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки зимни Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ 22 декабри соли 2016 пешниҳод гардид. Дар ин росто тибқи қонунгузории кишвар мавриди амал карор додани муқаррарот қонуни мазкур аз 1 январи соли 2017 эътибор пайдо намудааст. Яъне он соҳибкороне, ки шурӯъ аз моҳи январи соли 2017 ба қаламрави кишвар мошинҳои нав ворид намудаанд, аз имтиёз бархӯрдоранд.








Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад






