Зариф Мирдадо: «Фазилати таҷлили Наврӯз ҳамдиливу сарҷамъии аҳли ҷомеа мебошад»
ДУШАНБЕ, 22.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати фарорасии иди Наврӯзи байналмиллалӣ, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Ашт бо иштироки Зариф Мирдадо, Раиси ноҳияи Ашт ва Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон толори фарҳангии замонавӣ ба истифода дода шуд.
Зариф Мирдадо ҳозиринро бо ҷашни Наврӯз табрик намуда, гуфт: «Наврӯз ҷашни қадимӣ ва анъанавии мардуми тоҷикон мебошад. Таърихи ташаккули Наврӯз ба эҳё гардидани табиат дар баҳорон, ки пас аз зимистон фаро мерасад, вобаста аст. Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи зиндагисозу тамаддунофари аҷдоди мо пайванди ногусастанӣ дошта, расму оинҳои он дорои рамзҳое мебошанд, ки аз қадим то имрӯз бо рӯзгори мардуми созандаву ободгар ва фарҳангии мо созгоранд. Фазилати дигари таҷлили Наврӯз ҳамдиливу сарҷамъии аҳли ҷомеа ва хушҳоливу хурсандии мардум мебошад».
Ёдовар мешавем, ки толори фарҳангии навбунёд дорои 200 ҷои нишаст буда, бо харҷи зиёда аз 60 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






