160 ширкати Ӯзбекистон молу маҳсулоти худро дар Душанбе ба намоиш мегузоранд
ДУШАНБЕ, 12.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 160 ширкати бонуфузи Ӯзбекистон маҳсулоти худро дар ярмарка-намоишгоҳе, ки аз 17 то 21 апрели соли равон дар Маркази савдои «Пойтахт -90» доир мегардад, ба намоиш ва фурӯш мегузоранд.
Намоишгоҳ бо ибтикори Палатаҳои савдо ва саноати ду кишвари ҳамҷавор Тоҷикистон ва Ӯзбекистон созмон дода шуда, ҳадафаш тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ байни ду кишвари ҳамсоя арзёбӣ мегардад.
Интизор меравад, ки дар намоишгоҳ маҷмӯи молу маҳсулоти саноатии бахши мошинсозӣ, техникаи кишоварзӣ, саноати кимиё, саноати сабук, дорусозӣ, дастгоҳу таҷҳизоти барқӣ, масолеҳи сохтмон, инчунин хӯрока, либос, қолин ва дигар маҳсулот барои рӯзгор ба намоиш ва фурӯш гузошта мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






