5500 килограмм маводи доруворӣ ва молҳои тиббии муҳлатгузашта сӯзонида шуданд
ДУШАНБЕ, 12.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ давоми се моҳи соли ҷорӣ фаъолияти 326 муассисаи фармасевтиро зери санҷиш қарор дод, ки дар 108 ҳолат назорат дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сурат гирифтааст.
Тавре Бибихонум Дарвешзода, сардори Маркази матбуоти Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, дар ин давра кормандони хадамот дар 59 муассисаи табобатию профилактикӣ ва нуқтаи савдои маводи ороишию гигиенӣ санҷиш гузаронда, аз муассисаҳои фармасевтии ҷумҳурӣ 670 номгӯй маводи доруворӣ ва молҳои тиббиро аз муомилот гирифтанд. Зимни санҷишҳо ҳамчунин аз муассисаҳои табобатию профилактикӣ 157 номгӯй маводи дорувории муҳлати истифодаашон гузашта ошкор гардид. Дар маҷмӯъ, аз тарафи Хадамот наздики 5500 килограмм маводи доруворӣ ва молҳои тиббии муҳлати истифодабариашон гузашта бо роҳи сӯзонидан несту нобуд карда шуд.
Дар натиҷаи ҳолатҳои ошкоргардида нисбат ба роҳбарону кормандони муассисаҳои фармасевтӣ, табобатию профилактикӣ ва нуқтаҳои савдои маводи ороишию гигиенӣ 146 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, аз онҷо ба маблағи умумии 313 400 сомонӣ ҷарима ситонида шуд. Давоми моҳҳои апрел — майи соли равон Раёсатҳои хадамот дар вилоятҳои Хатлону Суғд санҷишҳои микробиологиро ба роҳ мемонанд.
«Тибқи нишондодҳои оморӣ воридшавии дорувории қалбакӣ кам гардида бошад ҳам, мушкилот дар ин соҳа ҳанӯз зиёд аст. Ширкатҳои воридкунандаи доруворӣ бояд саломатии миллатро, ки онро боигарии асосии давлат меноманд, аз ҳар гуна манфиат болотар донанд ва аз ворид намудани маводи пастсифат худдорӣ намоянд», — афзуд Б.Дарвешзода.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мегардад
«Қиссаҳои Шераки Ориён» аз чоп баромад
Дар Вена масоили густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Австрия оид ба рушд баррасӣ шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд






