Агентии обуҳавошиносӣ дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоидро пешгӯӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 11.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки 13 апрел дар қаламрави мамлакат ҳавои номусоид, аз ҷумла боридани борони сел дар назар аст.
Тибқи маълумоти агентӣ, ҳамчунин пагоҳ дар манотиқи кӯҳии кишвар боридани борони сахт ва раъду барқ аз эҳтимол дур набуда, таҳдиди болоравии сатҳи об дар дарёву рӯдхонаҳо, хавфи омадани сел ва лағзиши тарма вуҷуд дорад.
Дар ин рӯз дар ҳамаи минтақаи ҷумҳурӣ ҳаво нисбатан хунук шуда, ҳарорати ҳаво 5-6 дараҷа поён мефарояд.
Интизор меравад, ки ҳарорати ҳаво рӯзона 12-14 дараҷа ва шабона 8-10 дараҷа гарм шавад.
Имрӯз, 11 апрел дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок дар назар аст. Ҳаво дар қаламрави ҷумҳурӣ рӯзона то 20 дараҷа гарм шуда, шабона 12-14 дараҷа гарм хоҳад шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






