ЭЪЛОНИ БАРНОМАҲОИ РАДИОИ «FM ХОВАР»

Апрель 27, 2017 10:12

Ҷаҳони муосир саросар аз хабар иборат аст, аммо дарки  хабари дуруст ва шунидани он муҳимтарин амали дигар.

Барои дарёфти хабарҳои саҳеҳ ва боэътимод, воқиф гардидан аз ҷараёни муҳимтарин воқеоти дохилу хориҷи кишва бахшҳои хабарии Радиои «Ховар»-ро, ки ҳар рӯз,   ба истисони рӯзи якшанбе, аз соати  07:00-и субҳ то 24:00  ҳар ним соат ва аз 24:00 то 7:00-и субҳ ҳар соат  пешниҳод мегарданд, пайгирӣ намоед.

Ҷавонон–ташаббускор ва амаликунандаи ҳадафҳои бузургу созанда, давомдиҳандаи кору фаъолият ва пайкори  гузаштагони тамаддунофар, нерўи бунёдкор ва  қувваи пешбарандаи љомеа маҳсуб ёфта, боварӣ ба онҳо боварӣ ба фардои дурахшон аст.

Таҳлилу баррасии масоли рӯзгори ҷавонон, нақши онҳо дар ҷомеа  ва муаррифии фаъолияти ҷавонони муаваффақ дар барномаи «Ҳамқадами замон». Барнома ба ифтихори «Соли ҷавонон»   омода гардида, ҳар ҳафта рӯзҳои душанбе ва ҷумъа соатҳои 9:30, 17:30, 21:30 ва рӯзи шанбе соати 12:30 пахш мегардад.

Барномаи таҳлилии «Бозтоб», ки рӯзҳои сешанбе соатҳои 9:30, 17:30   ва рӯзи шанбе соати 09:30 садо медиҳад, фарогири муҳимтарин мавзуъҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва рӯзмараи ҷомеа мебошад.

Суҳбатҳои самимии олимону донишмандон, рози муссавирони рангинхаёлу оҳангҳои ҷадиди бастакорон, ҳарфҳои то ҳанӯз ногуфтаи ҳунармандон, пайки назми шоирону эҷодкорон ва дастоварди ашхоси муваффақи илму ирфон — дар барномаи фарҳангии «Меҳмони Ховар». Ин барнома рӯзи сешанбе соатҳои 14:30,  21:30 ва такроран рӯзи шанбе соати 21:30 пешниҳоди шунавандаҳо мегардад.

Баҳс бо коршиносон, таҳлили мутахассисон, пешниҳод ва оянданигарии ҷомеашиносон ба мавзуоти муҳими ҳама самтҳо, ҳамзамон  нигоҳ ба раванди ҳаводиси имрӯзи дохил ва хориҷи кишвар дар меҳвари асосии барномаи «Гуфтугӯ» қарор дорад. Ин барномаро ҳар ҳафта  рӯзҳои чоршанбе ва ҷумъа соатҳои 10:00 ва  16:00  метавонед бишнавед.

Барои зиндагӣ ва кору саломатӣ иттилоъ лозим аст. Муҳимтарин маълумот ва муфидтарин маслиҳат барои саломатии Шумо дар барномаи  «Дармон». Ин барномаро рӯзи панҷшанбе соатҳои 9:30,  17:30 ва бозпахши дигари онро рӯзи шанбе соати 13:30 бишнавед.

«Садои ҷовидонии ҳунар»  – садои маҳбубу наздик ба дилҳо,  садои зебои ҳунармандони  саршиноси тоҷик,   шарораи хотираҳои як олами пур аз розҳои рангин,   эҳсоси накҳати гулистони бехазони санъату мусиқии тоҷик. Барномаи  фарҳанги «Садои ҷовидонии ҳунар» — доир ба рӯзгору фаъолияти ҳунармандони соҳибном ва зиндаёди тоҷик омода шуда, ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа соати 14:30, 21:30 ва такроран рӯзи якшанбе соати 21:30 тақдим мегардад.

Вазъи имрӯзи соҳаи варзиш, дастоварди варзишгарони тоҷик, суҳбат бо чеҳраҳои шинохтаи намудҳои гуногнуи варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ба воситаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, хабарҳои варзишии дохилу хориҷи кишвар, умуман ҳама паҳлуҳои соҳаи варзиш дар барномаи «Ҷаҳони варзиш». Ин барнома ҳамарӯза соатҳои 15:30, 18:30 ва 22:30 барои дӯстдорони варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ пешниҳод мегардад.

Дар фосилаи бахшҳои хабарӣ ва барномаҳо, дар баробари суруду таронаҳои марғуб, роликҳои таблиғотӣ дар васфи Ватан-модар, ваҳдату истиқлолият, забон, фарҳангу ҷавонон, инчунин аз китобҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон  «Чеҳраҳои мондагор»   ва  «Тоҷикон дар оинаи таърих»  дар бахши «Дурдонаҳо» пешниҳод карда мешавад. Ҳамзамон пораҳо аз «Ёддоштҳо»-и С.Айнӣ ва панду андарзҳои ахлоқӣ тариқи бахши «Аз фармудаҳои бузургон» ва таблиғи молу маҳсулот садо медиҳад.

Рӯйдодҳои муҳими як ҳафтаи Тоҷикистон   дар барномаи хабарии «Ҷамъбасти ҳафта» рӯзи якшанбе оғози ҳар соат  аз  07:00 то 22:00  пешниҳод мегардад.

Эзоҳ: Бо назардошти муҳимияти воқеоти рӯз ва ҳаводиси дохилу хориҷи кишвар, барномаҳои «Хабар» ва гузоришҳои фаврӣ  дар дилхоҳ вақту соат дар эфир пахш мегарданд. Ҳамчунин бо сабабҳои дигари корӣ ва фаъолияти эҷодӣ дар ҷадвали пахши барномаҳо эҳтимоли тағийрот вуҷуд дорад.  Чанд барномаи  ҷадид рӯзҳои наздик дар ҷадвали пахши барномаҳо ворид мегарданд.  

Апрель 27, 2017 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ОБУ ИҚЛИМ. Баррасии мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» зарурати қабули ташаббуси навбатии Тоҷикистон баррасӣ мегардад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Баррасии аҳамияти ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Тоҷикистон дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Нақши он дар ҳалли муаммоҳои экологӣ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Барномаи «Сарват» — и Радиои «Ховар» нақши онро дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо баррасӣ менамояд
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад
Барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» масъалаи тағйирёбии иқлимро аз нигоҳи Бюллетени Созмони ҷаҳонии метеорологӣ шарҳ медиҳад