Ашт: Ояндаи дурахшони кишвар дар дасти насли ҷавони соҳибмаърифат ва ватандӯст аст
ДУШАНБЕ, 12.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд вохӯрии раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо бо донишҷӯёни ноҳияи Ашт, ки дар донишгоҳҳои олии вилоят таҳсил мекунанд, доир гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт хабар доданд.
Зариф Мирдадо зимни суханронӣ таъкид намуд: «Сафи донишҷӯён аз ноҳияи Ашт дар донишгоҳҳои олии кишвар сол то сол меафзояд. Ин боиси хурсандист, зеро ояндаи дурахшони кишвар дар дасти насли ҷавони соҳибмаърифат, донишманд ва ватандӯст мебошад». Номбурда ҳамчунин илова намуд, ки пайвастшавии ҷавонони ноҳия ба равияҳои ифротӣ боиси таассуф мебошад. Барои пешгирии ин омили номатлуби ҷаҳонӣ саҳми ҷавонон бояд назаррас бошад.