Ашт: тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ
ДУШАНБЕ, 27.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ашт дар мавзӯи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ» ҷамъомад доир шуд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт хабар доданд, дар ҷамъомад муовини раиси ноҳияи Ашт Аниса Ҷалилӣ иброз дошт, ки баррасии масъалаи ифротгароӣ ва омилҳои пайдоиши он дар ноҳия саривақтӣ мебошад.
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Зафар Мамадҷонов оид ба масъалаҳои марбут ба равияҳои тундрав гуфт, ки «яке аз омилҳои пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ роҳ надодан ба таҳсили ғайрирасмии ҷавонон дар муассисаҳои динии хориҷи кишвар ва баланд бардоштани сатҳи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон ба ҳисоб меравад».
Иштирокдорон вазифадор гардиданд, ки барои аз байн бурдани омилҳои номатлуби равияҳои тундгаро дар ноҳия таблиғотро пурзӯр намоянд.