Аввалин ғалабаи КМВА «Помир» ва «Вахш» дар мавсими нави футболи Тоҷикистон

Апрель 10, 2017 18:01

ДУШАНБЕ, 10.04.2017/АМИТ «Ховар»/. Клуби марказии варзиши артиш «Помир» ва дастаи «Вахш» дар мавсими футболи соли 2017 ба аввалин ғалабаашон комёб гардиданд. Дар ин бора сомонаи ФФТ хабар медиҳад.
Дар даври панҷуми мусобиқа дар варзишгоҳи «Авиатор»-и пойтахт футболбозони КМВА «Помир» бар КФ «Барқчӣ» бо ҳисоби 1:0 ғалаба карданд. Ягона голро Шарафҷон Солеҳов дар дақиқаи 56-ум ба ҳадаф расонд. Баъди ин комёбӣ футболбозони КМВА «Помир» бо шаш имтиёз ба зинаи сеюми ҷадвали мусобиқот баромаданд.
Дар бозиҳои дигари ин давр «Вахш» ва «Хуҷанд» ҳам вохӯриҳояшонро бо ғалаба ҷамъбаст карданд. Барои футболбозони «Вахш» аввалин пирӯзӣ дар Чемпионати имсолаи мамлакат ба ҳисоб меравад. «Вахш» тавонист дар бозии ниҳоят муҳим дастаи машҳури Тоҷикистон-«Регар — ТадАЗ»-ро дар майдонаш бо нишондоди 2:1 ноком гардонад. Голҳои задаи Худойдод Узоқов ва Далер Умаров дар муқобили тӯби Евгений Хотимский- легионери россиягии дастаи «Регар- ТадАЗ» «Вахш»-ро ба гирифтани се имтиёз мушарраф гардониданд.
«Хуҷанд»-и Хуҷанд дар Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» дастаи нави лигаи олӣ -«Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро қабул карда, бо натиҷаи 2:1 ғолиб омад. Голҳоро Дилшод Бозоров, Манучеҳр Ахмедов (аз «Хуҷанд») ва Абдухалил Боронов («Панҷшер») ба самар расониданд.
Як бозии дигари даври панҷум бо иштироки дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Ҳосилот»-и Фархор 11 март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе, соати 18:30 гузаронида мешавад. Аз рӯи тақвими бозиҳо ин вохӯрӣ мебоист дар варзишгоҳи ноҳияи Фархор доир гардад, аммо аз сабаби омода набудани майдони бозӣ дастаҳо ба қароре омаданд, ки вохӯрии марҳалаи аввалро дар шаҳри Душанбе ва бозии марҳалаи дуюмро дар Фархор баргузор намоянд.
ЧемпионатиТоҷикистон. Даври 5
«Вахш» «Регар-ТадАЗ» 2:1
Голҳо: Худойдод Узоқов, Далер Умаров («Вахш»), Евгений Хотимский («Регар- ТадАЗ).
Довари майдон: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
Нозири доварон: Раҳмон Муртазоев (Душанбе).
Комиссари бозӣ: Эраҷ Носеҳов (Душанбе).
8 апрел. Қӯрғонтеппа. Варзишгоҳи «Пахтакор».
«Хуҷанд» «Панҷшер» 2:1
Голҳо: Дилшод Бозоров, Манучеҳр Ахмедов ( «Хуҷанд), Абдухалил Боронов («Панҷшер»).
Довари майдон: Бехрӯз Муртазоев (Душанбе).
Нозири доварон: Аюбҷон Солиев (Конибодом).
Комиссари бозӣ: Асрор Шораҷабов (Истаравшан).
8 апрел. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон».
КМВА «Помир» «Барқчӣ» 1:0
Гол: Шарафҷон Солеҳов, 56.
Довари майдон: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).
Нозири доварон: Юсуф Ишматов (Қӯрғонтеппа).
Комиссари бозӣ: Сафар Каримов (Норак).
9 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи «Авиатор».
11 апрел (сешанбе)
Оғози бозӣ соати 18:30
«Истиқлол» «Ҳосилот»
Душанбе, Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Ҳосилот» (Фархор) 4 3 0 1 7-3 9
2 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 4 2 1 1 5-3 7
3 КМВА «Помир» (Душанбе) 4 1 3 0 1-0 6
4 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 5 1 2 2 3-4 5
5 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 5 1 2 2 2-4 5
6 «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ) 5 1 2 2 3-6 5
7 «Истиқлол» (Душанбе) 2 1 1 0 6-0 4
8 «Барқчӣ» (Ҳисор) 5 1 1 3 2-9 4

Нишонзанҳои беҳтарин: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), Дилшод Бозоров («Хуҷанд») 3, Дмитрий Барков («Истиқлол»), Агблей Ҷонс («Ҳосилот»), Фирӯз Раҳматов («Регар-ТадАЗ») 2 тӯб.

Апрель 10, 2017 18:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар ду майдончаи нави футбол мавриди истифода қарор гирифт
«ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҲОМИИ ВАРЗИШ ВА ПУШТИБОНИ ҶАВОНОН». Дар Душанбе таҳти ин унвон ба ифтихори Рӯзи варзишгарон чорабинӣ баргузор шуд
Варзишгарони шаҳри Ҳисор соли 2025 соҳиби беш аз 340 медали тилло гардиданд
10 АВГУСТ-РӮЗИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН. Дар шаш моҳи соли 2025 ба хазинаи варзишии мамлакат 238 медал ворид гардид
Варзишгарони Суғд дар шаш моҳ соҳиби зиёда аз 1520 медал шуданд
Дар вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи варзишгарон ҳамоиши идона доир гардид
Бахшида ба Рӯзи варзишгарон дар Панҷакент майдончаи муосири варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар Ниммарафони байналмилалии экологии кӯҳии «Seven Lakes» варзишгарони 10 давлати ҷаҳон иштирок намуданд
Ноибони Президенти ФФТ бо ҳолати омодагии варзишгоҳҳои шаҳри Ҳисор ба мусобиқаҳои байналмилалӣ шинос шуданд
Соли 2025 варзишгарони Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ 238 медал ба даст оварданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ соҳиби 26 медал шуданд
Таеквондочиёни тоҷик дар Чемпионати Осиё дар Малайзия ду медали биринҷӣ ба даст оварданд