Ба 8 ҳазор нафар сокинони Хатлон моҳияти авфи муҳоҷирони меҳнатӣ фаҳмонида шуд

Апрель 13, 2017 12:15

ДУШАНБЕ, 13.04.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Гурӯҳи кории Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади шарҳ додани моҳияти авфи муҳоҷирони меҳнатӣ, ки аз ҷониби Федератсияи Россия эълон шудааст, аз минтақаи Қурғонтеппа баргашт. Дар ин бора аз Хадамоти мазкур хабар доданд.

Аъзои гурӯҳи корӣ аз 4 то 12 апрел дар шаҳру ноҳияҳои Сарбанд, Панҷ, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Қубодиён, Хуросон, А.Ҷомӣ, Бохтар, Шаҳритуз, Қурғонтеппа, Н. Хисрав ва Ҷ.Балхӣ 44 вохӯрӣ ва суҳбатҳо гузарониданд. Зимни суҳбатҳо ба зиёда аз 8 ҳазор нафар сокинони минтақаи Қурғонтеппаи вилояти Хатлон моҳияти авфи мазкур баён карда шуд.

Мақсад аз ташкили чунин гурӯҳҳои корӣ- пурзӯр намудани корҳои иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳӣ аз тарафи шуъбаву бахшҳо дар ҷамоатҳои сераҳолӣ мебошад. Кормандони Хадамот ҳангоми вохӯрӣ бо сокинони шаҳру ноҳияҳо ба онҳо тавсия доданд, ки моҳи апрел пеш аз сафар барои муайян намудани ҳолати кор ба сохторҳои Хадамоти муҳоҷират  муроҷиат намоянд.

Бояд ёдовар шуд, ки тибқи қарори Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар муҳлати як моҳ- аз 25 март то 24 апрели соли 2017 дар тамоми қаламрави Федератсияи Россия барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расмикунонии  истиқомат тавассути бақайдгузорӣ дар мақомоти муҳоҷират ва тамдиди муҳлати будубош имконият дода шуд.

 

Апрель 13, 2017 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст