Ба Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар вилояти Хатлон дастгоҳҳои нави замонавӣ дастрас шуданд
ДУШАНБЕ, 17.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар вилояти Хатлон дар асоси супориши Президенти мамлакат зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии кишвар оид ба беҳтар намудани сатҳу сифати маводи доруворӣ дастгоҳҳои нави замонавӣ дастрас намуд.
Бино ба гуфти сардори Раёсати номбурда Маҳмадҷон Абдулқодирзода, баҳри сифатан таҳлил намудани маводи доруворӣ бо дастгирии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ таҳҷизоти нави замонавӣ дастрас карда шуд.
«Мо дар назди озмоишгоҳи раёсат як бахши таҳлили микробиологиро ба кор андохтем. Ин таҳлилгоҳ имконият медиҳад, ки сифати маводи доруворӣ пурра ва сари вақт санҷида, хулосаи дақиқ пешниҳод гардад. То ин вақт чунин таҳлилҳоро дар озмоишгоҳҳои дигар муассисаҳои соҳаи тандурустии вилоят ва ё дар шаҳри Душанбе мегузарондем, ки кори моро то андозае мушкил мекард», илова намуд М. Абдулқодирзода.