Баррасии истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ миёни намояндагони Тоҷикистону Япония
ДУШАНБЕ, 17.04.2017./АМИТ «Ховар»/. Ҳамкории мутақобилан судманди дуҷониба дар ростои татбиқи натиҷаи музокироти сатҳи олӣ миёни роҳбарони кишварҳои Тоҷикистону Япония, аз ҷумла густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, энергетика, сармоягузорӣ, татбиқи тарҳҳои муштарак дар соҳаҳои энергетика, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ аз мавзӯъҳое буданд, ки зимни мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ва муовини парлумонии вазири иқтисод, савдо ва саноати Япония Накагава Тошинао мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, вохӯрӣ дар доираи нахустин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Япония оид ба ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ баргузор гардид.
Мусоҳибон ба мувофиқа расиданд, ки миёни кишварҳо имкониятҳои ҳанӯз истифоданашудаи ҳамкорӣ мавҷуд мебошад ва онҳо бояд пурра барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои зикршуда мавриди истифода қарор дода шаванд.
Дар робита ба ин зикр гардид, ки доир гардидани нахустин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ заминаи кунунии ҳамкории иқтисодиро мустаҳкам намуда, барои рушди минбаъдаи он такони ҷиддӣ мебахшад. Ҷонибҳо изҳор намуданд, ки сохторҳои иқтисодӣ-тиҷоратии ду кишвар барои рушди ҳамкории мутақобилан судманд саҳми босазо мегузоранд.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин доир ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор сурат гирифт. Вобаста ба ин, ҷонибҳо омодагии хешро дар сатҳи сохторҳои соҳавӣ барои дастгирии ташаббусҳои байналмилалии ду кишвар дар арсаи байналмилалӣ изҳор намуданд.








Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид






