Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид

Апрель 3, 2026 21:30

ДУШАНБЕ, 03.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. 3 апрел дар шаҳри Москва таҳти раёсати Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холикзода ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад. 

Зимни ҷаласа ҷонибҳо ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии давлатҳои иштирокдори Иттиҳод зиёда аз 17 масъаларо мавриди баррасӣ қарор дода, нисбати онҳо қарорҳои дахлдор қабул карданд.

Инчунин дар доираи чорабинии мазкур Форуми байналмилалии иқтисодии Иттиҳод баргузор гардид, ки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи пленарии он иштирок намуд.

Баргузории ҷаласаи навбатии Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил моҳи июни соли 2026 дар шаҳри Москва ба нақша гирифта шудааст.

Апрель 3, 2026 21:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид