Баррасии пешгирии хушунат дар оила ва никоҳи хешутаборӣ бо сокинони «Ободкорон»
ДУШАНБЕ, 11.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирии зӯроварӣ дар оила, никоҳи хешутаборӣ, гузаштан аз муоинаи тиббӣ пеш аз ақди никоҳ ва дигар мушкилоти оила дар Муассисаи таълимии № 97-и маҳаллаи «Ободкорон» бо занон ва ҷавондухтарон вохӯрии судманди машваратӣ доир намуд.
Тавре аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино хабар доданд, дар вохӯрӣ мутахассисони соҳа аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Сино, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сино ва мутахассисони соҳаи тиб аз Маркази саломатии шаҳрии №9 иштирок доштанд. Зикр гардид, ки хушунат дар оила аз падидаҳое мебошад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ онро ҳамчун масъалаи доғи рӯз эътироф намудааст. Дар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ақди никоҳе эътироф карда мешавад, ки дар мақомоти давлатӣ сабт гардидааст.
Мушкилоти дигар ин никоҳи хешутаборӣ миёни духтарон бо холабача, амакбача, тағобача ва ё баръакси ин мебошад, ки дар натиҷа аз онҳо тифлони маъюбу носолим ба дунё меоянд. Ин ҳолат дар оилаҳои ҷавон дилшикастагиро нисбат ба зиндагӣ ба миён меорад. Аз ин рӯ зарур аст, ки ҷавонон доир ба ин масъалаҳо маълумоти зарурӣ дошта бошанд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






