Бидуни барасмиятдарории гумрукӣ ворид намудани маҳсулоти мавриди ниёзи мардум аз Чин сабаби оғози парвандаи ҷиноятӣ гардид
ДУШАНБЕ, 24.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Аз тарафи кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Н. Ф., соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Душанбе, ҳамчунин намояндаи ширкати ҶДММ «Юнайтед — Терминал» дар асоси ваколатнома, бо маслиҳати пешакӣ барои ба даст овардани даромади муфт, ба воситаи нақлиёти рақами қайди давлатиаш 58 20 ВВ 01, ядакаш 02 85 АА 01, аз Ҷумҳурии Мардумии Чин 29 номгӯй молҳои мавриди ниёзи мардум, аз ҷумла таҷҳизоти техникӣ ва қисмҳои эҳтиётии нақлиёти боркашонӣ бо вазни умумии 14 ҳазору 800 килограммро бидуни барасмиятдарории гумрукӣ, яъне бо роҳи қочоқ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намуда, дар анборхонаи шахсии худ, воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе барои нигоҳ доштан интиқол додааст.
Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти гумрук хабар доданд, мувофиқи маълумотномаи Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши молу маҳсулоти тариқи қочоқ вориднамудаи шаҳрванд Н. Ф. ва дигарон 767 ҳазору 39 сомониро ташкил медиҳад.
Нисбат ба шаҳрванд Н. Ф. аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаи 289 қисми 2 – и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тибқи тобеияти тафтишотӣ барои тафтишоти минбаъда ба муфаттишони мақомоти прокуратура вогузор карда шуд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






