Боздиди коршиноси Британияи Кабир аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 07.04.2017/АМИТ «Ховар»/. Самтҳои афзалиятноки «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» зимни мулоқоти Саидраҳмон Назризода, муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дэвид Эллиотт, коршиноси калон оид ба бахши хусусии Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир дар Душанбе матраҳ гардиданд.
Ҳамзамон мусоҳибон самтҳои асосии ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодии ду кишвар, хусусан тавсеаи ҳамкорӣ дар бахши хусусӣ, афзоиши гардиши савдо миёни Тоҷикистону Британияи Кабир, рушди саноати хӯрокворӣ ва сабукро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаи иқтисодию тиҷоратӣ байни Тоҷикистону Британияи Кабир иброз намуданд.








Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид






