Бозии «Истиқлол» ва «Олой»-и Қирғизистонро доварони Япония ҳакамӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 10.04.2017/АМИТ «Ховар»/. Бозии даври сеюми Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиёро (КФО) бо иштироки дастаҳои «Истиқолол»-и Душанбе ва «Олой»-и шаҳри Ош доварон аз Япония ҳакамӣ мекунанд. Ин вохӯрӣ 18 апрел, соати 19:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир мегардад.
Ҳироюки Кимураи 34-сола довари майдон буда, ба ӯ Наги Тошиюги ва Синдзи Очӣ кумак мерасонанд. Довари эҳтиётӣ Аҳмад Ёқуб Иброҳим аз Урдун таъйин шудааст.
Нозири доварон Анас Ҳоқон аз Австралия ва комиссари бозӣ Башир Шафиқ Абдул Холиқ аз Лубнон мебошанд.
Ҳироюки Кимура 21 бозии байналмилалиро ҳакамӣ карда, як пеналтӣ таъйин намудааст ва ба 59 бозингар корти зард нишон дода, се нафарро аз майдон рондааст.
Ёдрас мешавем, ки «Истиқлол»-и Душанбе дар гурӯҳи «Д» -и бозиҳои Ҷоми КФО бо 4 имтиёз пешсаф мебошад ва ҳарифи ӯ чемпиони Қирғизистон то ҳол ягон имтиёз ба даст наовардааст ва дар зинаи охирин қарор дорад.








БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд






