Дар доираи Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакон ва наврасон»-и Тоҷикистон дар Китобхонаи марказии шаҳри Норак маҳфили адабӣ баргузор шуд
НОРАК, 05.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакон ва наврасон»-и Точикистон 4 апрели соли 2017 дар Китобхонаи марказии шаҳри Норак маҳфили адабӣ баргузор шуд.
Тибқи иттилои мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Норак Ҳабиба Сафарова, дар маҳфил хонандагон аз «Шоҳнома»- и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ва шеъру достонҳои Мирсаид Миршакар порчаҳо қироат карда, намоишномаи «Қишлоқи тиллоӣ» аз ҷониби хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 пешкаши ҳамагон гардид.
Ҳамзамон хонандагон расмҳои тасвирнамудаи худро ба иштирокдорон намоиш доданд.