Дар Душанбе озмунҳои шаҳрии соҳаи тандурустӣ ҷамъбаст гардиданд
ДУШАНБЕ, 14.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ҳавасмандгардонии моддию маънавии кормандони соҳаи тандурустии шаҳр ва беҳтар намудани хизматрасонии тиббию санитарӣ ба аҳолии пойтахт қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаи озмунҳои шаҳрии «Беморхонаи сол 2016», «Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол — 2016», «Табиби сол — 2016», «Табиби оилавии сол — 2016» ва «Корманди миёнаи тибби сол — 2016»» ба тавсиб расид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, тибқи қарори мазкур Кумитаи тадорукотӣ оид ба ҷамъбасти даври озмунҳои шаҳрии соҳаи тандурустӣ тасдиқ гардида, ба ғолиби озмуни «Беморхонаи сол — 2016» — Муассисаи давлатии Маркази тиббии шаҳри Душанбе ба номи К. Ахмедов ба маблағи 3000 (се ҳазор) сомонӣ, ба ғолиби озмуни «Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол — 2016» — Маркази саломатии шаҳрии №10 ба маблағи 2500 (ду ҳазору панҷсад) сомонӣ, ба ғолиби озмуни «Табиби сол — 2016» — мудири шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи клиникии шаҳрии №3 Қутбидин Саидов ба маблағи 2000 (ду ҳазор) сомонӣ, ба ғолиби озмуни «Табиби оилавии сол — 2016» — табиби оилавии Маркази саломатии шаҳрии №10 Наргис Худойбердиева ба маблағи 1500 (як ҳазору панҷсад) сомонӣ, ба ғолиби озмуни «Корманди миёнаи тибби сол- 2016» ҳамшираи тиббии Маркази шаҳрии бемориҳои пӯст ва зуҳравӣ Гуландом Чақонова ба маблағи 1000 (як ҳазор) сомонӣ мукофотпулӣ супорида мешавад.
Хотиррасон менамоем, ки ғолибони озмун дар Рӯзи пойтахт бо мукофотҳои таъсисдода сарфароз гардонида мешаванд.








НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад
Дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил карда мешавад
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад






