Дар Файзобод ба ёдбуди шаҳидони садамаҳои радиатсионӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
ФАЙЗОБОД, 26.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ноҳияи Файзобод бахшида ба 31–умин солгарди Рӯзи байналхалқии ёдбуди шаҳидони садамаҳои радиатсионӣ конференсияи ҷумҳуриявии ташкилоти ҷамъиятии «Итифоқи маъюбони Чернобил»–и Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар конференсия намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафирони фавқулодаи Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Украина ва Беларус дар Тоҷикистон, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи кор бо интернатсионалистони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 159 нафар вакилони конференсияи ҷумҳуриявии Ташкилоти ҷамъиятии чернобилчиён аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру навоҳии тебеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Дар конференсия раиси ноҳияи Файзобод Миралӣ Раҷабзода иброз намуд, ки «таъсири фоҷиабори садамаҳои радиатсиониву атомӣ сокинони сайёраи заминро бетараф намегузорад. Бо ин мақсад бо қарори Созмони Милали Муттаҳид 26 апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии ёдбуди шаҳидони садамаҳои радиатсонӣ эълон гардидааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба ин масъала бетараф набуда, баҳри таҳкими инсондӯстиву адолат ва пойдории гуманизм дар сайёра талош намуда, дар ин самт пайваста тадбирҳои заруриро амалӣ менамоянд. Далели ин гуфтаҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштирокчиёни садамаи Чернобил» аст, ки соли 2007 қабул гардид».
Зикр гардид, ки аз соли 2007 инҷониб дар ҷумҳурӣ ташкилоти ҷамъиятии «Иттифоқи маъюбони Чернобил» амал мекунад, ки дар ҳайати он ташкилотҳои вилоятӣ, минтақавӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ дар тамоми манотиқи кишвар фаъолият доранд. Иштирокчиёни бартарафсозии оқибатҳои садамаи мазкур пайваста таҳти ҳимояи давлату ҳукумати кишвар қарор доранд. Имрӯз ҳукумати кишвар барои маъюбон ва иштирокчиёни садамаи мазкур имтиёзҳои зиёдеро муҳайё намуда, ки онҳо метавонанд аз он истифода намоянд.
Дар конференсия ба иштирокчиёни садамаи Чернобил сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супориданд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






