Дар Хатлон Фестивали «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир гардид

Апрель 6, 2017 11:48

ДУШАНБЕ, 06.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола бо ташаббуси Китобхонаи давлатии бачагона ба номи Мирсаид Миршакар аз 2 то 9 апрел дар саросари мамлакат Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Баргузории ин чорабинӣ ба тарғиби адабиёти тозанашр, кашфи падидаҳои нави фарҳангӣ, робитаи шоирону нависандагон ва олимон бо насли наврас ва ҷалби ҳарчи бештари кӯдакону наврасон ба китобу китобхона нигаронида шудааст.
Аввали ҳафтаи равон дар Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин кушодашавиии Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» бо иштироки адибон Азизи Азиз, Маҷид Салим, Ғаффоралӣ Сафар ба таври расмӣ, ботантана ва дар сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор гардида, давоми як ҳафта дар тамоми китобхонаҳои бачагонаю мактабии шаҳру ноҳияҳои вилоят идома меёбад.
Ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, қабл аз кушодашавии Фестивал иштирокчиён аз намоиши кушоди китобу матбуот дидан намуданд.

Апрель 6, 2017 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд