Дар иншооти фаъолияти шабонадошта корҳои профилактикӣ-оммафаҳмонӣ гузаронида шуд

Апрель 6, 2017 14:43

ДУШАНБЕ, 06.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ дар асоси супориши роҳбарияти ВКД бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои сӯхтор, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва риояи ҳатмии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аввали ҳафтаи моҳи ҷорӣ шабона аз ҳисоби кормандони Сарраёсат, Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе ва ҷузъу томҳои он, кормандони милитсия, инчунин дигар мақомоти дахлдор гурӯҳҳои корӣ ташкил кард. Гуруҳҳои корӣ барои гузаронидани корҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ ва санҷишҳои фаврӣ дар марказҳои дилхушию бозиҳои компютерӣ ва дилерӣ, идораҳои букмекерӣ, ки дар онҳо аксар вақт мактаббачагону наврасон вақти зиёди худро ба бозиҳои характери зуроваридошта ва дигар бозиҳои беҳудаи зараровар сарф менамоянд, дар ҳудуди ноҳияҳои шаҳри Душанбе чорабиниҳои мақсаднок ташкил ва баргузор намуданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои муштарак ҳолати бехатарӣ аз сӯхтори идораҳои букмекерӣ ва нуқтаи бозиҳои компютерӣ мавриди санҷиш қарор дода шуданд. Дар рафти баргузории чорабиниҳо барои дидаю дониста ва мунтазам вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор нисбат ба 3 нафар кормандони иншооти мазкур протоколҳои маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 750 сомонӣ ҷарима татбиқ карда шуд. Инчунин фаъолияти 2 маркази бозиҳои компютерӣ муваққатан боз дошта, бо 154 нафар кормандони иншооти мазкур ва шаҳрвандони касбу кори гуногун оид ба риояи ҳатмии меъёру талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор суҳбатҳои муфид гузаронида шуданд.
«Ҳамзамон бо онҳо оид ба зарурияти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва риояи ҳатмии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» суҳбатҳо гузаронида шуд»,-иттилоъ дод манбаъ.

Апрель 6, 2017 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд