Дар Москва масъалаи муҳоҷирати ғайриқонунӣ баррасӣ гардид

Апрель 11, 2017 15:01

ДУШАНБЕ, 11.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи сипаригардида Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар шаҳри Москва ҷаласаи ХХ ҳамоҳангсозии Шӯрои роҳбарони мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъонаро (СААД) дар мавзӯи мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ баргузор намуд.
Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷаласаи мазкур таҳти роҳбарии Александр Горовой, генерал-полковники политсия, муовини якуми Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия бо иштироки ҳайати намояндагони мақомоти кишварҳои аъзои СААД, кумитаи иҷроияи ИДМ, Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, Хадамоти ҳамоҳангсози Шӯрои роҳбарии қӯшунҳои сарҳадии ИДМ, Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хавфноки ИДМ (БКБОП), инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Зумрад Абдуллозода, полковники милитсия, сардори Раёсати ҳамкории байналмилалии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуд.
Иштирокдоони ҷаласа вазъи муҳоҷиратро дар давлатҳои аъзои СААД, лоиҳаи «Созишнома оид ба ҳамкории миёни кишварҳо дар самти мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ», омодакунии мутахассисони соҳа ва дигар мавзӯъҳои дахлдорро мавриди баррасӣ қарор дода, таъсирбахшии чорабиниҳои роҳандозишудаи самти муқобилият ба муҳоҷирати ғайриқонуниро баҳогузорӣ намуданд. Ҳамчунин ширкаткунандагон вобаста ба иштироки ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар чорабиниҳои соли 2016 дар самти муҳоҷират роҳандозишуда, чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва амалиёти махсус дар мубориза бо савдои одамон мубодилаи афкор намуданд.
Пас аз баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа иштирокдорон ба қарор омаданд, ки ҳамкории миёни мақомоти салоҳиятноки давлатҳои аъзои СААД дар самти назорат аз болои раванди муҳоҷират ва мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ боз ҳам тақвият дода шавад.

Апрель 11, 2017 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст