Дар назди Мактаби президентии шаҳри Хоруғ Фитнес-клуб таъсис дода шуд
ХОРУҒ, 25.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ва кумаки молии соҳибкори маҳаллӣ Шамсия Седшоева дар назди Муассисаи давлатии Мактаби президентии шаҳри Хоруғ барои наврасону ҷавонон Фитнес-клуб ба фаъолият пардохт. Барои хариди таҷҳизоти варзишӣ барои клуби мазкур 104 ҳазор сомонӣ ихтисос дода шуд. Дар ифтитоҳи он раиси шаҳри Хоруғ Арамбегим Маҳтобшоҳзода изҳор дошт, ки «аз тарафи Пешвои миллат Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 ҳам дар миёни муассисаву ташкилотҳои давлатӣ ва ҳам бахши хусусӣ ҷонибдорони зиёд пайдо кард. Намунае аз онро имрӯз бо чашми худ мебинем. Ҳамаи ин саъю талош танҳо ба хотири ба воя расонидани насли солим, доно ва тавоно мебошад. Ҳоло дар шаҳри Хоруғ чаҳор фитнес-клуб вуҷуд доранд, ки дар баробари ҷавонон дар ин клубҳо духтарон низ тамрин мекунанд».
Соҳибкори маҳаллӣ Шамсия Седшоева гуфт, ки дар назди Фитнес- клуб утоқи маҳскунӣ бо ду воҳиди корӣ ташкил шудааст, ки се намуди маҳсро ба варзишгарон пешниҳод менамояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






