Дар ноҳияи Мастчоҳ Қасри фарҳанг бунёд мешавад
ДУШАНБЕ, 18.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Мастчоҳ Қасри фарҳанг барои 1000 ҷойи нишаст бо маблағи 30 млн. сомонӣ бунёд мегардад. Дар айни ҳол лоиҳаи бино омодаву қабул шуда, дигар корҳои бунёдӣ барои оғози сохтмон идома доранд.
Ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ, айни замон дар соҳаи фарҳанги ноҳия 1 Қасри фарҳанг ва Филармонияи халқӣ, 1 хонаи фарҳанги шаҳрак, 4 хонаи фарҳанги деҳот, 2 адад клуб, 18 адад китобхонаҳои оммавӣ, 1 мактаби мусиқии бачагонаи санъат ва боғи фарҳангию истироҳатӣ амал мекунанд, ки дар онҳо 131 нафар ба фаъолият машғуланд.