Дар Роғун ба хотири пешгирии амалҳои коррупсионӣ мулоқоти судманд доир гардид
РОҒУН, 05.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт бо ҷавонони шаҳри Роғун вохӯрӣ доир намуданд. Дар ин бора нозири калон оид ба пешгирии коррупсияи шуъбаи минтақавии Рашт Аҳрориддин Тоҳирӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Мулоқот бо мақсади фаҳмонидани моҳияти сиёсати давлат дар самти муқовимат ба коррупсия, тарғибу ташвиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои пурзўр намудани мубориза бар зидди коррупсия, пешгирию рафъи омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ба амал овардани рӯҳияи зиддикоррупсионӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон барпо шуд.
Дар ҷамъомад зикр гардид, ки коррупсия аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳон ҳамчун ҷинояти вазнин ва унсури ба амнияти миллӣ таҳдидкунанда ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гаштааст. Аз ин рў муқовимат ба коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Самаранокии муқовимат ба коррупсия аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди амалигардии он вобаста аст.