Дар вилояти Хатлон нақшаи иҷрои андоз барзиёд иҷро гардид
ҚӮРҒОНТЕППА, 14.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар семоҳаи аввали соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дохилии минтақавии вилояти Хатлон ба 2 миллиарду 208,5 миллион сомонӣ расид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 зиёд буда, 106,4 фоизро ташкил медиҳад.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд, дар семоҳаи аввали соли 2017 иҷрои нақшаи андоз 101 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 207,9 миллион сомонӣ маблағ ворид гардид.
Ин рақам нисбат ба нақша 2,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад.