Донишгоҳи техникӣ-иқтисодии Берлин барои Тоҷикистон кадрҳои муҳандисӣ ва мутахассисони соҳаи иқтисодӣ омода мекунад

Апрель 11, 2017 16:36

ДУШАНБЕ, 11.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи техникӣ-иқтисодии Берлин, ки бо зиёда аз 140 донишгоҳ ва институтҳои хориҷӣ ҳамкорӣ менамояд, омода аст бо донишгоҳҳои ҳавасманди Тоҷикистон дар соҳаҳои омодасозии мутахассисон дар бахшҳои энергия, тайёр кардани кадрҳои муҳандисӣ ва мутахассисони соҳаи иқтисод ҳамкорӣ намояд. Ин матлаб дар мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов бо ноиби президенти Донишгоҳи техникӣ-иқтисодии Берлин профессор Маттҳиас Кнаут баён гардид.
Тавре аз Сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд, дар мулоқот оид ба рушду пешравиҳо дар соҳаи маорифи Тоҷикистон сухан рафта, ба профессор Кнаут маълумоти муфассал ва таклифҳои судманд ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ, ба монанди табодули донишҷӯёну омӯзгорон пешниҳод гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи техникӣ-иқтисодии Берлин (HTW Berlin) соли 1994 созмон ёфта, яке аз бузургтарин донишгоҳҳои замини федеролии Берлин ба ҳисоб меравад. Дар он дар 70 самти омӯзишӣ, ба мисли информатика, техника, энергия ва иқтисод зиёда 13355 ҳазор донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Апрель 11, 2017 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст