Ду мудир 695 ҳазору 783 сомонии нуқтаи фурӯши сӯзишвориро аз худ карданд
ДУШАНБЕ, 13.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 52-солаи сокини шаҳри Ваҳдат бо гумони азонихудкунӣ ва ё исрофкорӣ дастгир карда шуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, гумонбаршуда аз моҳи феврали соли 2014 то моҳи феврали соли 2017 дар вазифаи мудири анбори корхонаи нафтие дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият карда, бо маслиҳати пешакӣ бо мудири нуқтаи фурӯши сӯзишвории корхона, марди 31-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ аз анбори корхонаи мазкур 161 ҳазору 424 литр сӯзишвории бензин ва 18 ҳазору 675 литр сӯзишвории дизелиро ба маблағи умумии 695 ҳазору 783 сомонӣ аз они худ намудаанд.
«Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти ҳодиса давом дорад»,-иттилоъ доданд аз Вазорати корҳои дохилӣ.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






