Фархор: 38 нафар ҷавонон ба таври ихтиёрӣ ба хизмати Ватан рафтанд
ФАРХОР, 11.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Фархор даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ хуб ҷараён дошта, дар ин самт роҳбарияти ноҳия ва масъулини комиссариати ҳарбӣ корҳои назаррас ба анҷом расониданд. Ба қавли раиси камиссияи даъватӣ Рустам Бобохонзода, то ин муддат 38 нафар ҷавонон ба таври ихтиёрӣ ба қисмҳои низомӣ гусел карда шуданд.
Дар маъракаи гусели ҷавонон падару модарон, хешу наздикон ширкат варзида, ба ҷавонон дӯст доштан ва ҳифзи Ватанро талқин карданд.
Барои дар сатҳи баланд иҷро гардидани нақшаи даъват раисони ҷамоатҳо, кормандони бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия, вакилони маҳаллаҳо ва дигар сохторҳои роҳбарикунанда вобаста гардидаанд.