Хатлон: Бартарафсозии мушкилот дар соҳаи тиб вазифаи аввалиндараҷа мебошад
ДУШАНБЕ, 11.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Рушд ва фазои иттилоотии аҳолӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббию санитарӣ ба аҳолӣ, ҳамчунин нигоҳ доштани вазъи санитарию эпидемиологии вилоят ва мушкилоти дигари соҳа дар ҷаласаи мушовараи Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ва зерсохторҳои он муҳокима гардид. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Мирҳамудин Камолзода, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ахолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки «имрӯз дар доираи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020», оид ба назорати антенаталии занони ҳомила, курси такмили ихтисоси табибон, пешгирии Вируси норасоии масунияти одам (ВМНО), фавти модару кӯдак, издивоҷи хешу таборӣ ва солимгардонии маъюбон бояд таҳти назорати роҳбарияти ҳар як муассисаи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ қарор дошта бошад».
Дар ҷамъомад зикр шуд, ки имрӯз қарорҳои мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои санадҳои клиникӣ ва муоинаи ҳатмии тиббии шаҳрвандон, пешгирии бемориҳои сироятии идорашавандаи сурхча ва гулафшон бояд корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ байни аҳолӣ аз ҷониби марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим дар шаҳру ноҳияҳо пурзӯр карда шаванд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






