Ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ дар шаҳраки Обигарми Роғун ҷамъомади судманд доир гардид
Роғун, 05.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Баҳри пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ дар маҷлисгоҳи ҷамоати шаҳраки Обигарми шаҳри Роғун бо иштироки сокинону кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр ҷамъомади судманд доир гардид. Мақсади вохӯрӣ бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ барои пешгирии пайдоиши бемориҳои сирояткунанда ва омилҳои хатарноку зиёновари муҳити зист ба саломатии инсон мебошад.
Тибқи иттилои директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр Иззатулло Абдуллоев, соли равон, хушбахтона, бемориҳои зардпарвин, буғумдард, сил, махмалак ва дигар бемориҳои сироятии махсусан вазнин ба қайд гирифта нашудаанд.