Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ дар Остона

Апрель 21, 2017 16:48

ДУШАНБЕ, 21.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. 21 апрели соли 2017 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни кори ҷаласа оид ба масоили муҳими минтақавию байналмилалӣ табодули афкори амиқ сурат гирифт.
Вазирони корҳои хориҷӣ теъдоди санадҳои ба баррасии ҷаласаи дарпешистодаи Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ пешниҳодшавандаро мавриди муҳокима қарор доданд. Аз ҷумла, масъалаҳои марбут ба пайвастани Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ гардиданд.
Вазирони корҳои хориҷӣ оид ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба хатару чолишҳои муосир, пеш аз ҳама, бар зидди терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, инчунин таҳкими амнияти байналмилалии иттилоот ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода ибрози назар карданд.
Сарони ҳайатҳо ҳамчунин изҳор карданд, ки таҳкими равобит дар соҳаҳои тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи муҳити зист, илму техника, варзиш ва сайёҳӣ аз омилҳои муҳими рушди бомуваффақияти ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ маҳсуб меёбад.
Оид ба ҳамаи масъалаҳои зимни ҷаласа баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲШ дар Остона мулоқотҳои дуҷонибаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Аслов бо роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор шуд.

Апрель 21, 2017 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд