Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ дар шаҳри Тошканд
ДУШАНБЕ, 07.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Аслов 7 апрели соли 2017 дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Тошканд иштирок кард.
Дар ҷаласа вазирони корҳои хориҷӣ масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию гуманитариро баррасӣ намуданд. Қарор оид ба гузаронидани машваратҳо дар сатҳҳои гуногун байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ, Изҳороти муштарак оид ба роҳ надодан ба табъиз ва таҳаммулнопазирӣ нисбат ба ҳамаи мазҳабҳои динӣ қабул шуда, масъалаҳои марбут ба сохтори кадрии ИДМ, муассисаҳои заминавии давлатҳои аъзои ИДМ оид ба тайёр кардан ва такмили ихтисоси мутахассисон барои мақомоти андоз (молия) ва барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва касбии иловагӣ баррасӣ шуданд.
Дар ҳошияи ҷаласа мулоқоти дуҷонибаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Аслов бо вазирони корҳои хориҷии Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон, инчунин мулоқоти панҷгонаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ доир гардид, ки зимни он ҷонибҳо оид ба вазъи минтақа, самтҳои муҳими ҳамкорӣ, инчунин робитаҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.








Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад






