Кӯлоб: дар қисмати поёнии сойи Тебалай корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома доранд

Апрель 25, 2017 17:40

КӮЛОБ, 25.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Фароз» айни замон дар масофаи 1000 метр дар қисмати поёнии сойи Тебалай, ки аз ҳудуди ҷамоти деҳоти Кўлоби шаҳри Кўлоб мегузарад, корҳои соҳилбандӣ идома доранд.
Тавре Хуршед Ашурмадов, раиси ҷамоати деҳоти Кўлоб иттилоъ дод, «соли 2010 бар асари омадани сел маҳз ҳамин мавзеъ рахна гардида, ба даҳҳо хонаҳои истиқоматии сокинони ҷамоати деҳоти Кӯлоб ва садҳо гектар заминҳои кишт зарар расонид. Сангу шағали дохили сойро барои мустаҳкам кардани соҳилҳо истифода менамоянд».
Баҳри бехавфу хатар паси сар намудани рўзҳои сербориш ва эмин нигоҳ доштани мавзеъҳои хатарзо аз офати табиӣ комиссияи ҳолатҳои фавқулода таъсис дода шудааст, ки тариқи навбатдории шабонарӯзӣ ва сафарбар намудани техникаи зарурӣ корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонад.

Апрель 25, 2017 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид