Коркарди механизм ва технологияҳои инноватсионӣ баҳсҳои доманадори илмиро талаб менамояд
ДУШАНБЕ, 04.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Таҳти унвони «Рушди хизматрасониҳои молиявӣ дар шароити ҳамгироии хоҷагии ҷаҳонӣ» дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ доир гардид. Дар ин бора аз Донишгоҳи мазкур хабар доданд.
Дар конфронс ректори донишкада, профессор Диловар Қодирзода гуфт, ки масъалаи таҳкими пайвастаи хизматрасониҳои молиявӣ ба аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ дар шароити ҳамгироии хоҷагии ҷаҳонӣ аз муҳимтаринҳо буда, коркарди механизмҳо ва технологияҳои инноватсионӣ дар ин самт баҳсҳои доманадори илмиро талаб менамояд.
Зикр шуд, ки ин ҳамоиши илмӣ, ки бо ташаббуси раёсати Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат бо ҷалби ҷамъи олимону муҳаққиқон ва коршиносон доир мегардад, қадами муҳиме дар самти рушди минбаъдаи хизматрасониҳои молиявӣ дар шароити ҳамгироии хоҷагии ҷаҳонӣ хоҳад буд.
Иштирокчиён атрофи масоили муаммоҳои рушди хизматрасонии молиявӣ дар шароити ҳамгироии иқтисодии ҷаҳонӣ, дурнамои рушди низоми бонкӣ дар шароити ҳамгироии иқтисодии ҷаҳонӣ, танзими муносибатҳои асъорӣ ҳамчун омили рушди устувори иқтисодиёти миллӣ, воситаҳои муосири сиёсати молиявию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон ва амсоли инҳо баҳсҳои доманадори илмӣ намуданд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






