Котибони Шӯрои амнияти давлатҳои СҲШ масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 10.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. 6 апрели соли 2017 дар шаҳри Остона ҷаласаи навбатии котибони Шӯрои амнияти давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид. Дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Aбдураҳим Қаҳҳоров иштирок намуд.
Дар арафаи мулоқот роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхайро Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев пазируфт. Президент аҳамияти таҳкими механизмҳои амалкунанда ва меъёрҳои ҳуқуқии СҲШ-ро махсус қайд кард.
Дар ҷаласаи 12-уми Шӯрои амнияти СҲШ А. Қаҳҳоров таъкид намуд, ки Тоҷикистон омодааст ҳамкории худро бо давлатҳои аъзои СҲШ дар мубориза бар зидди терроризм, сепаратизм, экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, муомилоти ғайриқонунии силоҳ, воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ no-mood-problems.com диҳад.
Аз натиҷаи ҷаласа ҷонибҳо Протокол ба имзо расониданд, ки дар он масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ қайд гардида, мақсаду мароми дурнамо гузошта шуд.
Инчунин дар ҳошияи ҷаласаи котибони Шӯрои амнияти давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай вохӯриҳои дуҷонибаи А.Қаҳҳоров бо Ёрдамчии Президент ва Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Қазоқистон Владимир Жумаканов ва узви Шӯрои давлатӣ, Вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Го Шэнкун баргузор гардиданд.
Зимни вохӯриҳои мазкур масоили ҳамкорӣ дар доираи СҲШ, инчунин масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар соҳаи амният баррасӣ гардиданд. A. Қаҳҳоров аҳамияти талошҳои муштараки ҷонибҳоро дар мубориза бар зидди таблиғи идеяҳои экстремистӣ ва террористӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои террористӣ махсус таъкид намуд.












Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд






