Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз 6 то 9 апрел шаҳрвандонро ба ҳушёрӣ даъват мекунад

Апрель 6, 2017 10:39

ДУШАНБЕ, 06.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони кишварро хабардор мекунад, ки аз 6 то 9 апрел эҳтимолияти фаромадани тарма, сел, ярч ва сангрезиҳо, инчунин болоравии сатҳи оби дарёҳо, ки метавонад ба обхезии манотиқи наздисоҳилӣ оварда расонад, вуҷуд дорад.
Аз ин лиҳоз, Кумита аз шаҳрвандон ва меҳмонон хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳо аз ҷамъоварии ҳезум, баромадан ба шикор ва сафар ба манотиқи хавфнок худдорӣ намоянд.
Дар вақти ба амал омадани ҳолатҳои фавқулодда ё дигар нохушиҳо шаҳрвандон метавонанд бо телефонҳои зерин муроҷиат намоянд:
-навбатдори масъули Кумита-221-91-19, 223-13-11;
-навбатдори масъули Ситоди шаҳри Душанбе — 225-44-62, 225-44-76;
-навбатдори масъули Ситоди ВМКБ (3522) Телефон: 2-40-57, 2-27-44;
-навбатдори масъули Ситоди вилояти Суғд- (3422) Телефон: 5-15-55, 5-79-95;
-навбатдори масъули Ситоди вилояти Хатлон (3222) Телефон: 2-3-505, 2-78-27;
— навбатдори масъули Ситод дар минтақаи Кӯлоб (3322) Телефон: 2-16-56, 2-16-57;
-навбатдори масъули Ситод дар минтақаи Рашт (3131) Тел: 2-23-74;
-навбатдори масъули Ситод дар минтақаи Ҳисор ( 3139) Тел: 2-60-74.

Апрель 6, 2017 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд