Машғулиятҳо аз рӯи лоиҳаи «Футзал дар мактабҳо» ҷамъбаст гардиданд
ДУШАНБЕ, 15.04.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе машғулиятҳо аз рӯи лоиҳаи «Футзал дар мактабҳо» барои омӯзгорони фанни тарбияи ҷисмонии мактабҳои таҳсилоти умумӣ, ки бо иқдоми ФФТ, Федеартсияи футболи шаҳри Душанбе (ФФД), Вазорати маориф ва илм ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумтати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, ба анҷом расиданд.
Роҳбари ФФД Анваршо Мирзоев изҳор намуд, ки «Футбол дар Тоҷикистон солҳои охир бо суръати баланд тараққӣ мекунад ва мо дар Соли ҷавонон лоиҳаи «Футзал дар мактабҳо»-ро амалӣ кардем. Дар мусобиқаҳо ширкат карда, ҳар як хонанда орзу мекунад, ки соҳиби Ҷом гардад, мусобиқаҳо бохту пирӯзӣ доранд, гоҳе маъюс мешаванду гоҳи дигар хурсанд, онҳо дар ин муҳит ҳамчун варзишгар ва шахсият месабзанд. Боварӣ дорам, ки мусобиқаҳо ҷолибу шавқовар ва дар рӯҳияи баланди варзишӣ мегузаранд. Ба ҳамаи омӯзгороне, ки дар ин машғулиятҳо иштирок карданд, изҳори минатдорӣ мекунам ва ба онҳо комёбӣ орзу менамоям».
Сармутахассиси Идораи таҳсилоти умумии Вазорати маориф ва илми мамлакат Вайсиддин Исмоилов аз ин иқдом ва ривоҷу равнақи футбол дар мактабҳо изҳори қаноатмандӣ карда, баён дошт, ки лоиҳаи «Футзал дар мактабҳо» ягона лоиҳаи ҳамкорӣ бо ФФТ ва ФФД набуда, гузаронидани бисёр мусобиқаҳои варзишӣ дар оянда дар назар аст.
Дар ин машғулиятҳо 83 нафар муаллимони фанни тарбияи ҷисмонӣ иштирок карда, бо либосҳои варзишӣ ва тӯбҳои футзал ва футбол, инчунин китобҳо таъмин шуданд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






