Машваратҳои навбатӣ байни мақомоти сиёсати хориҷиии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар Остона

Апрель 20, 2017 15:44

ДУШАНБЕ, 20.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Остона даври навбатии машваратҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор гардид.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, зимни машваратҳо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Кайрат Абдрахманов масъалаҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои онро мавриди баррасӣ қарор доданд. Миёни ҷонибҳо ҳамчунин оид ба масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот ҳамкории ду кишвар вобаста ба масъалаҳои таъмини амният дар минтақа ва ҳамоҳангсозии кӯшишҳо дар мубориза бо таҳдиду чолишҳо низ баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо ҳадафҳои мушаххасро ҷиҳати таҳкими муносибатҳои ду давлат дар соҳаҳои иқтисоду савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёту коммуникатсия муайян намуданд.
Дар вохӯрӣ вазирони ду кишвар мубодилаи тасдиқномаҳоро ҷиҳати эътибор пайдо намудани Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон анҷом доданд, ки тибқи Протоколи ба имзо расонидашуда 20 апрели соли 2017 эътибор пайдо кард.

Апрель 20, 2017 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад