Машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Туркия дар Анқара

Апрель 8, 2017 13:09

ДУШАНБЕ, 08.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. 7 апрел дар шаҳри Анқара машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Туркия баргузор гардиданд, ки дар онҳо ҳайати Тоҷикистонро муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва ҳайати Туркияро муовини Вазири корҳои хориҷии ин кишвар Умит Ярдим роҳбарӣ карданд.
Зимни машваратҳо тарафҳо масоили рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Туркия ва роҳҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судмандро дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, ҳамлу нақл, маориф ва фарҳанг, амният ва тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкориро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва дигар мавзӯоти мавриди эҳтимоми тарафайн гуфтугӯи судманд анҷом доданд.
Инчунин 7 ноябри соли 2017 дар шаҳри Анқара мулоқоти муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини аввали ВКХ Туркия Аҳмад Йилдиз баргузор гардид.
Ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи тавофуқҳои бадастомадаро зимни вохӯрии охири сарони ду кишвар дар ҳошияи саммити Созмони ҳамкории иқтисодӣ (1 марти 2017. Исломобод) доир ба рушди муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ намуданд.

Апрель 8, 2017 13:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо роҳбари ширкати аморотии Tahaluf AI мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 6-уми Форуми раисони шаҳрҳои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати LANXESS Олмон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси иҷроии Муассисаи ташаббуси сармоягузории оянда мулоқот намуд
Дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Австрия машваратҳои сиёсӣ баргузор намуданд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо роҳбарияти хабаргузории KUNA ҳамкории иттилоотиро баррасӣ кард
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд