Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон
ДУШАНБЕ, 07.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. 7 апрели соли 2017 дар шаҳри Тошканд, дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷараёни суҳбат тарафҳо масоили рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Кирғизистон ва роҳҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судмандро дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, нақлиёт, масъалаҳои сарҳадӣ ва наздисарҳадӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон инчунин масъалаҳои минтақавию байналмилалиро муҳокима намуданд.








Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд






