Мутахассисони ҷавони корхонаи «Бақайдгирии молумулки ғайриманқул»-и ноҳияи Варзоб дар бунёди боғи ҷавонон саҳми арзанда гузоштанд
![](https://khovar.tj/wp-content/uploads/2017/01/Niholshinoni1.jpg)
ВАРЗОБ, 24.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои Соли ҷавонон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ кормандони Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молумулки ғайриманқул»-и ноҳияи Варзоб дар бунёди боғи ҷавонони ноҳия саҳми хешро гузоштанд. Директори корхонаи мазкур Муродалӣ Ятимов дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки зиёда аз 80 фоизи кормандони корхона ҷавонон мебошанд ва онҳо дар ин соли пурфайз дар боғи ҷавонони ноҳия аз ҳисоби худ зиёда аз 500 бех дарахтони сояафкану ороишӣ шинонданд. Инчунин мутахассисони ҷавони корхона ҷавобан ба ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони ноҳия дар сатҳи баланд хизмат мерасонанд. То имрӯз 449 ариза ва дархости шаҳрвандон пурра қонеъ карда шуд ва ба 347 нафар сокинон сертификати ҳуқуқи истифодаи замин сари вақт дода шуд.
Шоҳида Саидова, яке аз мутахассисони ҷавони корхонаи «Бақайдгирии молумулки ғайриманқул»-и ноҳияи Варзоб гуфт, ки бояд ҷавонони ҷумҳурӣ аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд ва ба ҷомеа ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд. Инчунин дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ватани азизамон бо дасту дили гарм иштирок намоянд ва амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя намуда, парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари маҳбубамон бошанд.