Нахустин гурӯҳи ҷавонони вилояти Хатлон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардид
ДУШАНБЕ, 04.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин гурӯҳи ҷавонони вилояти Хатлон, ки синнашон ба хизмати ҳарбӣ расидааст (1990-1999), сафарбар карда шуданд.
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон зимни ҳамоиш иброз дошт, ки бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи ҷузъу томҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат тамоми шароит барои адои хизмати ҳарбии ҷавонон муҳайё карда шудааст. «Хизмат ба Ватан шарафи бузург ва дар айни замон вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавон мебошад. Ҳар як хизматчии ҳарбӣ бояд хуб дарк намояд, ки ватандӯстӣ- ин арзи садоқат ба Ватан-Модар ва халқу давлати соҳибистиқлоли худ буда, дар пос доштани арзишҳои миллӣ ва аз тамоми манфиатҳо боло гузоштани манфиати давлату халқ зоҳир мегардад»,-иброз дошт Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода.
Ҳамчунин дар ҳамоиш аз наваскарон даъват ба амал оварда шуд, ки дар баробари обутоби бадан дар қисмҳои ҳарбӣ, ба омӯхтани донишҳои замонавии сиёсӣ ва низомӣ машғул шуда, мутахассиси варзида гарданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






