Намояндагони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати бехатарии ҷамъиятии Хитой масоили амнияти минтақавиро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 25.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт-«Шаҳри бехатар» вохӯрии намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии муовини Вазири корҳои дохилӣ Маҳмадсаид Саидзода ва ҳайати Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой таҳти роҳбарии муовини сардори Раёсати ҳамкории байналмилалии вазорати мазкур Дуан Датси баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, иштирокчиёни вохӯрӣ мавзӯъҳои дар доираи Созишнома ва Ёддошти тафоҳуми аз ҷониби роҳбарияти ду давлат ва вазоратҳо баимзорасида, аз ҷумла масъалаҳои мубориза бо ҷинояткорӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, сепаратизм ва дигар хатарҳои замони муосир, ҳамкорӣ дар самти омодакунии кадрҳо, табодули таҷриба, иттилоот ва таъмини амнияти минтақавиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкории мутақобилан судманд байни вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва бехатарии ҷамъиятии Хитой бо мақсади таъмини оромии кишварҳо ва пешгирии ҳар гуна зуҳуроти номатлуб изҳори омодагӣ намуданд.








Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид






