Ғолибони озмуни ҷаҳонии «Пайванди забони чинӣ» муайян шуданд

Апрель 26, 2017 09:22

ДУШАНБЕ, 26.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода байни донишҷӯён давраи 16-уми озмуни ҷаҳонии забони чинӣ таҳти унвони «Пайванди забони чинӣ» баргузор гардид.
Тавре аз донишкадаи мазкур хабар доданд, дар маросими ифтитоҳи озмун Маҳмадулло Раҷабзода, ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, мутахассисони Маркази Конфутсияи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва устодону донишҷӯёни донишкада иштирок намуданд.
Зикр гардид, ки озмуни ҷаҳонии забони чинӣ таҳти унвони «Пайванди забони чинӣ» барои баланд бардоштани завқи донишҷӯён нисбат ба омӯзиши ин забон ҳамасола дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад.
Донишҷӯён дар озмун бо шартҳои наттоқӣ, сурудхонӣ, расмкашӣ ва муколама бо забони чинӣ иштирок карда, ҳунару истеъдоди худро дар назди доварон нишон доданд. Фарзона Самиева, донишҷӯйи соли сеюми шуъбаи забони чинӣ сазовори ҷои якум гардида, иштирокдорон бо ифтихорнома ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Апрель 26, 2017 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд